- ашк
- I[اشک]1. обе, ки аз гиря ва бо таъсири ҳиссиёти ҷисмӣ ё рӯҳӣ аз чашм фурӯ мерезад, сиришк, оби дида; қатраи оби чашм2. гиря; ашки кабоб қатраҳое, ки вақти пухтани кабоб ба рӯи оташ мечаканд; ашки меғ (ё саҳоб) киноя аз борон; борон; ашки гарм ниг. ашки сӯзон; ашки лолагун ниг. ашки хунин; ашки равон оби дидаи ҷорӣ, сиришки қатор; ашки сӯзон, ашки талх, ашки хунин гиряи ҷонсӯз, гиряи ғаму андӯҳ; ашки шашқатор рехтани ашки бисёр; ашки шодӣ гиря аз хурсандӣ; ашки ятим қатраҳои калон-калони оби чашм; ашки ҳасрат гиря аз ғаму андӯҳ; донаҳои ашк қатраҳои оби дида; сели ашк бисёрии оби чашм; аз ашк доман пур шудан киноя аз бисёр гиристан; ашк боридан гиря кардан; ашк фишондан ашк рехтан, гиря кардан; ашки шодиёна рехтан аз хурсандӣ гиристан; ашк чарх задан // ашк ҳалқа задан донаҳои ашк пайдо шудан (дар чашм); ашк рехтан гиря кардан◊ ашки суроҳӣ, ашки ток шароб, майII[اشک]1. чаҳор дандони калон, ки дутоӣ дар болою поини даҳони инсон дар байни дандонҳои пеш ва курсӣ воқеанд, дандони неш, анёб: дандони ашк2. ду дандони калон аз боло, ки дар баъзе ҳайвонҳо аз даҳон баромада меистад (мас., дандони фил)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.